БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ УМЕДБАХШ

АНДЕША.  Ҳар як Паёми Пешвои миллат муждаест аз навгониҳои кишвар ва дастоварҳои мардуми мо дар як соли сипаришуда. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат чун дигар Паёмҳояшон дастоврдҳои кишвар ҳамаҷониба бо як шафофияти иқтисодӣ  таҳлил шуда, моҳияти он дар пешравии ҳаёти мардуми кишвар муайян гардид. Танҳо дар давоми як сол муҳайё шудани 143 ҳазор ҷойи корӣ дар кишвар ин нишони болоравии сатҳи зиндагонии мардум мебошад.                                                                                                        

Сарвари давлат ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардум, махсусан ба ҳаёти мардуми  дар муҳоҷират буда диққати махсус дода, бо роҳи дипломатияи давлатдорӣ доимо дар гуфтугӯ мебошад. Мо аз суханронии Сарвари давлат ба накуӣ дарк намудем, ки мо метавонем  қисми зиёди ҷавононро бо ҷойи кор таъмин намоем. Соли 2020 бо сабаби  бемории сироятии Ковид-19  ҳама давлатҳои ҷаҳон сарҳадҳои худро бастанд, аз ҷумла Россия ҳам, агар дар солҳои қаблӣ соле аз 400 то 450 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ  ба кор мерафтанд, дар соли 2020 ин рақам ба 120 ҳазор расид,дар ин сол мо боқиро  бо ҷойи кор таъмин карда тавонистем.

Сиёсати оқилонаю одилонаи Сарвари давлат дар боби ободонию бунёдкориҳо аз тарафи мардуми кишвар хеле хуб ҷонибдори  ёфт, ки ин нуқтаро Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли дар Паёми худ қайд намуда гузашт. Дар сохта ба истифода додани 18-ҳазору 300 иншоотҳои ҷашни ҳиссаи секторҳои хусусӣ баѓоят калон аст.

Пешвои муаззами миллат ҳамчун як сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳони ба  масоилоти глобалии ҷаҳон дахолат намуда мардуми кишварро дар ин марҳиллаи пур аз печидагиҳои сиёсию моҷароҳо ба иттифоқию иттиҳод даъват намуд. Воқеан хам дар замони бархурди тамадунҳо он қавме дастболо мегардад, ки хештандору худогоҳ  ва бофарҳангу соҳибтамадун бошад.

Мо аз гуфтаҳои Пешвои миллат бо накуи фаҳмидем, ки дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар хеле пешравиҳо дида мешавад, дар ҷодаи истеҳсоли қувваи барқу, роҳсози саноатикунонии кишвару тараққи додани соҳаҳои чорводорию моҳипаоварӣ, парандапарварию кишоварзи натиҷаҳо назаррасанд. Баҳри боз ҳам ҳавасмандгардонии деҳқонон ва афзун шудани маҳсулоти онҳо Пешвои муаззами миллат онҳоро аз андози яксолаи замин  озод намуд. Ҳамчунон таъкид намуд,ки мо бояд маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намоем, то мавқеи хешро дар бозори ҷаҳон муайян карда тавонем.

Солиҳов Фаррух, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg