БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Матбуот оинаи ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матбаа» тибқи нақшаи корӣ  маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва  Қаҳҳоров Искадар иштирок намуданд. Нахуст,  Қаҳҳоров Искандар оид ба таҳияи мақолаву гузоришҳои тарғиботӣ ва нашри он дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо пайдоиш ва рушди Интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин  ва кайҳон ба дастовардҳои  назаррас ноил гардид ва имкониятҳои фаровони Интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Маъмурияти шабакаҳои  иҷтимоӣ низ ба муҳтавои суҳбатҳои  гурӯҳ кам аҳмият медиҳанд ва қариб, ки онро назорт намекунанд, чунки ин ба манфиати тиҷорати онҳо нест. Яке аз хатарҳои дигари  шабакаҳои иҷтимоӣ  ин ташвиқ ва тарғиби фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина  тавассути шабакаҳои  иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд пахш карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg