
БАЛҶУВОН. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми сокинон ҳамрӯза аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ва гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.
Вохӯрии навбатӣ дар филиали муассисаи таълимии №4 дар деҳаи Калтачанори Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон миёни омӯзгорон доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф иштирок намуда, қайд кард, ки пеш аз ҳама дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз Пешвои миллат ҳамаи он рӯйдоду навгониҳои соли 2020 ва 7 соли охирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, диққати аҳли ҷомеаро ба идомаи мантиқии онҳо ҷалб намуда, баён доштанд, ки тӯли ин солҳо бо заҳмати шоёни мардуми сарбаланди тоҷик кишвари азизамон- Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррасе дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гардид.
Ҳамчунин дар Паём махсусан диққати зарурӣ ба соҳаи илм ва маориф ва баланд бардоштани саводнокии насли ҷавону наврас нигаронида шуд. Сарвари давлат қайд намуданд,ки "Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. " дар ин радиф ҳамчунин дар Паём дар заминаи "Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф" зикр гардид, ки "Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони "Илм-фурӯғи маърифат" гузаронида шавад.
Аз ин рӯ аҳли маорифчиёнро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин замина нақши муасири хешро гузоранд, то ин ки дар оянда насли ояндадору ояндасозро тарбия намоем.