
ФАРХОР. Бахшида ба Рӯзи модар бо корбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 мизи мудаввар байни ду насл - занони рӯзгордида ва ҷавондухтарон дар мавзӯи “Модари хушбахт” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раҳимова Маъмурбӣ занону ҷавондухтарони фаъоли ҳизбро бахшида ба фарорасии идҳои баҳорӣ, яъне “Рӯзи Модарон” ва Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, оид ба нақши зан дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар суханронӣ намуд.
Дар охири чорабинӣ фаъолон бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор сарфароз гардонида шуданд.