ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Шарифзода, Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо бошандагони маҳаллаҳои Душанбе, Ш. Шоҳин, С. Насафии ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеъа, Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез», пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ кард.
Инчунин Сафаралӣ Шарифзода дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.