БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расонидани моҳияти самтҳои асосии Паём ба сокинон вазифаи аслии ҳизбиён

А. ҶОМӢ. Дар маҳаллаи Хуросони ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки  гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳал  вохӯриву суҳбатҳои  судманд доир гардид.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов  ба вохӯрӣ  ҳусни оғоз  бахшида, ҳайати иштирокдоронро ба сокинони маҳалла шинос намуд.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов изҳор дошт, ки вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ  гузоштан ба арзишҳои  миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону  ҷавонон буда, дар ин замина  онҳоро  барои иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои   миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷалб  кардан  аст.

Мутобиқи  қисми 4 банди 3-и Оинномаи ҲХДТ  дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  бо номи «ХУРОСОН» таъсис дода шуда,  бо ҷонибдории аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  Ҳасанов Раҳмоналӣ раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ   интихоб  карда  шуд. 

Дар анҷоми чорабинӣ аз раиси ҷавонони маҳалла Норов Баҳриддин, чунин пешниҳод шуд, ки дар деҳа бо дастгирии соҳибкорону хоҷагидорон, як майдончаи варзишӣ сохта,  ба сокинони маҳалла супорида шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби аҳли деҳа пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg