БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РАҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагии деҳқонии “Вализода”-и  Ҷамоати деҳоти  Тоҷикистон бо хоҷагидорон, сокинон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Балҷувон Мирзозода  Исуф оид ба паҳлуҳои гуногуни  Паёми навбатӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки  Паём  раҳнамо ба сӯи фардои дурахшони сокинони мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Дар Паём тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таҳлил гардида, дар назди сокинон вазифаҳои наву мушаххас гузошта шуд.

Инчунин, зимни баргузории вохӯрӣ хоҷагидорон маҳсулоти кишоварзии худро ба маърази тамошо гузошта, қайд карданд, ки бо меҳнату заҳмати пайваста ва шоиста баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати саҳмгузории сокинону хоҷагидорон дар  рушди иқтисодиёти мамлакат ва таъмини бозорҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти дохилӣ камари ҳиммат баста, якдилона меҳнат карда, дар пешравии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамчунин, аз тарафи гурӯҳи корӣ  оид ба самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин  ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва баланд бардоштани маданияти истифодаи барқ сухан карда шуда, аз сокинон даъват намуданд, ки дар таъмини иқтисодиёт ва рушди босуботи  кишвар   ҳиссагузор  бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg