БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«РӮЗИ ЁДОВАРӢ» АМАЛӢ ГАРДИД

ШАҲРИТУС. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаи Чинори ҷамоати  деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Бобоев Беҳрӯз иштирок дошта,  қабл аз оғози Аксия мавсуф  бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом дод. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ва обу ҳавои мусоиди баҳорӣ ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз алаф ва растаниҳои худрӯй машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg