БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОҲӢ, КИ ОЗОД БОШӢ, ҒУЛОМИ ҚОНУН БОШ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «16-солагии Истиқлолият» бо аъзо, фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзизода Каримҷон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, хизмат ба Ватан –Модар ҳамчун  қарзи шаҳрвандӣ, дар бораи конунҳои амалкунандаи Ҷумсҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сухан ронда, гуфт, ки  мо шаҳрвандон вазифадорем дар доираи қонунҳои ҷорӣ кору фаъолият карда, фарзандони хешро дар роҳи дурусти зиндагӣ  ҳзидоят намоем.

Дар ин росто мавсуф дар назди ҷамъомадагон сабабу омилҳои  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии онҳо ҳарф зада, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки тибқи талаботи   Қонунҳои миллии Ҷмҳурии Тоҷикистон- “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” амал намуда, иҷроиши бандҳои онҳоро қатъиян  риоя намоянд.

Зимни вохӯрӣ бобати дар амал татбиқ намудани Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» ва «Беҳтарин сарфакори неруи барқ» ба сокинони деҳот суҳбати судманд ва дастуру пешниҳодҳои ҳизбӣ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg