БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАШАРИ УМУМИВИЛОЯТИИ ТОЗАКУНИИ ОРОМГОҲҲО ЗЕРИ УНВОНИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи нақшаи муштарак бо ҷалби аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант амалиёт оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ» доир карда шуд.

Дар чорабинӣ корманди  Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев, намояндагони ҷамоати деҳоти мазкур  ва  рӯзномаи «Нури Сарбанд» иштирок намуда, доир ба мақсади амалиёти муштарк суҳбат намуданд.

Дар Аксияи  ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек карданд.

Ин иқдом дар тамоми оромгоҳҳои деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳр идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg