БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АҲЛИ ҶОМЕАРО БА ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Зиракӣ №2" маҷлис вобаста ба расонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб  Саъбагул Валиева, мудири шуъбаи  маорифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб  Ҳакимзода Қадамшо, раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ  Зардиев Ҳусниддин ва дигар шахсони расмӣ гузаронида шуд.

Дар мулоқот ҳозирин ба сухан баромада, зикр намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.

Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада, зикр намуданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа барои беҳбудии зиндагии мардум, ободии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Барои амалӣ гаштани дастурҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат сарчашма мегиранд, бояд ҳар як фарди ҷомеа масъулият намуда, барои шукуфоии Ватан саҳм гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg