Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҷамоати деҳоти Чагам бо сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Вохӯриро Назарзода Толибҷон кушода, зимни баромад оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, терроризм экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир андешаронӣ намуд.
Баъдан муовини сардори шуъбаи амнияти ноҳия, подполковник Достиев Нодиршоҳ ба сухан баромада, дар бораи терроризму экстремизм, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва муборизаи муташаккил бар зидди чунин гурӯҳҳои тундгаро ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа андешаронӣ намуд.