БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ҲИДОЯТИ НЕК БА АҲЛИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Бо сокнони деҳаҳои Даҳана, Олтоул, Чинор ва Ёхсучиён оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Одилзода Дилбар, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб  Саъбагул Валиева, раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Зоғаков Фарҳод ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, дар маҷлис аз ҷониби ҳозирин қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои балндпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахши давлату ҳукумат ҳидоят менамояд.

Дар вохӯрӣ аён гардид, ки сокинон аз Паёми Президенти кишвар илҳом гирифта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан талош меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg