БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

КӮЛОБ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо иштирок ва сухаронии узви Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Одилзода Дилбар, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Саъбагул Валиева, раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ  Зардиев Ҳусниддин ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нахуст, ҳозирин ба сухан баромада, ибрози андеша намуданд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар хеле хуб пазируфта шуд. Дар баробари ин мавсуф оид ба ҳадаф ва мақсадҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан гуфт.

Зимнан, иштирокдорон дар навбати худ изҳор карданд, ки аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳем бурд то дар амалӣ гардидани нуктаҳои Паём саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg