БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ

АНДЕША. Имрӯзҳо ба истиқболи Рӯзи Модар дар саросари кишварамон чорабиниҳои идона бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Шоистаи таҳсин аст, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати роҳбарияти кишварамон қадрдонӣ намудани фаъолияти бисёрҷабҳаи занону модарон маҳсуб меёбад. Бешак, сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат тамоми аҳолии кишварро дар рӯҳияи ҳифзу эҳтироми Зан-модар, ки калиди тарбияи насли ҷомеа дар дасти ӯст, роҳнамоӣ мекунад. Ин сиёсати зиндагисозу ибратомӯз аз анъанаҳои беҳтарини илму адаби ниёгонамон сарчашма гирифта, моро ба сӯи хушахлоқӣ, хушсуханӣ, некрафторӣ ва дигар хислатҳои ҳамида, ки ҷавҳари одамиятро ташкил мекунанд, ҳидоятгар аст. Таҷрибаҳои ҳаёт ва таърихи башарият собит намудааст, ки дар ҳар кишваре, ки ба Зан-Модар арҷгузорӣ мекунанд, аҳли он кишвар тарбиятдида ва мамлакат осудаву пешрафта аст.

Дар хазинаи фарҳанги оламшумули мардуми соҳибмаърифати тоҷик ҳикмати пурасроре мавҷуд аст: «Модар ризо-Худо ризо». Ин ҳикмати бузургу ҷовидонӣ аз як ҷониб бар он маънӣ далолат мекунад, ки модар ҳам дар мавқеи худ ҳукми офаридагорӣ дорад. Агар Худованд Осмону замин ва нахустин одамро офарида бошад, модар ҳам насли одамиро дар рӯи замин афзун намудааст, ки зиннатбахши олам гардидаанд. Ҳамчунин ҳикмати пурасрор бар мо таъкид менамояд, ки модар назди Худованд ончунон қадру қиммат ва иззату манзалате дорад, ки агар ҳар ки хотири ӯро озурдаву ошуфта гардонад, Худованд аз ӯ норозӣ гардад.

Модарро аввалин мураббии башарият меноманд, зеро тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Ӯ ба кӯдаки хеш, ки ояндасози ҷомеа аст, тамоми хислатҳои неки инсониро василаи шири поку лазиз ва лафзи нобу ҷонбахшаш меомӯзонад. Ба хотири он ки олам ҳамеша ободу осуда бошад, модар қалби фарзандонаш тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиро мекорад. Бузургони илму адаб таъкид менамоянд, ки як насиҳати самимонаи модар баробар ва болотар аз сабақи устодони илму фан аст.

Модарон ҳамеша бар он мекӯшанд, ки фарзандонашон бо ахлоқи шоиста ба камол расанду бо аъмоли нек ва писандидаашон боиси ифтихори падару модари худ шаванд. Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Зан-Модар дар ҷомеа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми хеш Рӯзи байналхалқии занон – 8 мартро ба Рӯзи Модар табдил доданд. Ин ҷашн, ки Рӯзи модар ном гирифт, шукӯҳу ҷилои тоза касб кард. ин тадбири Сарвари давлат ҳар яки моро бар он ҳидоят мекунад, ки ҳурмату эҳтироми зан-модарро сидқан ба ҷо оварда, ӯро аз ҷон ҳам азизтару муқаддас донем, зеро ки ин амал қарзи аввалиндараҷаи ҳар яки мост.

Тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд: «Занон на танҳо ба василаи тавлиди фарзандон ҳаётро ҳусну бақо мебахшанд, балки баробари мардон дар ободиву шукуфоии кишвар заҳмат мекашанд, ки ин худ як омили беҳтарини тарбияи насли наврас мебошад.»

Дар ҳаёти имрӯза занон на танҳо рисолати модариро адо мекунанд, балки неъматҳои моддӣ меофаранду созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро бартараф карда метавонанд.

Дар баробари ин модарону хоҳарони азизи мо масъулияти бузурги тарбиятгариро аз мадди назар фаромӯш накарда, насли наврасро дар рӯҳияи ахлоқи поку ҳамида, роҳи ростӣ, оину арзишҳои волои гузаштагонамон ҳидоятгарӣ мекунанд. Боиси хушнудии зиёд аст, ки имрӯзҳо шумораи занони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон хеле афзудааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо назардошти бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ занонро боз ҳам вазифаҳои басо бузургу пурарзиш дар пешанд. Онҳо хуб эҳсос менамоянд, ки барои таҳкими давлату давлатдориамон насли солим, бофарҳанг, дорои ахлоқу маданияти баланд заруранд. Ба хотири пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ҷавононро дар рӯҳияи ифтихору ваҳдати миллӣ, ватанпарастӣ тарбия намудан вазифаи ҳар як нафар аз калонсолон, алалхусус занони баору номуси миллат мебошад.

Чуноне, ки ба ҳамаи мо маълум аст, имрӯзҳо дар чанде аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Сурияву Ироқ, Либияву Яман ва чандин давлатҳои дигар ҷангу даргириҳои бемаънӣ идома доранду шумораи зиёди одамон қурбон гардидаву бо идома ёфтани ин ҷангҳо боз ҳазорҳо нафар ба ҳалокат мерасанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки терроризм ва экстремизм дар гӯшаву канори олам торафт доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз бомбаи ядроиро ба миён овардааст.

Ҳамин тавр, Зан-Модар ҳамчун мавҷудоти фариштасифат дар ҷомеаи тоҷик мақому манзалати баландеро соҳиб аст. Тамоми насли гузашта ва имрӯзаи тоҷик зан-модарро ситоиш намуда, дар васфи он беҳтарин андешаҳоро иброз намудаанд. Шоири бузурге мақому манзалати занро дар ҷомеа басо самимӣ ба қалам додааст:

Ҳусни зан олам мунаввар мекунад,

Зулфи зан олам муаттар мекунад.

Ҳарфи зан чун шаҳд аз гул мечакад,

Зиндагиро ширу шакар мекунад.

Дар охир таманнои онро дорем, ки занону модарон ҳамеша бо ҳусну латофати Худододашон ҳамеша ҷаҳоноро бошанду бо офаридаҳои дастони муъҷизакорашон рӯзгори моро ба гулистони воқеӣ мубаддал гардонанд.

Расулов Ғолиб, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg