БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ МАОРИФ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД НАҚШИ КАЛИДӢ МЕБОЗАД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсейи №1”-и ноҳияи Восеъ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диққати ҷиддӣ додан ба таълиму тарбияи хонандагон бо омӯзгорон ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо иштирокдорони вохӯрӣ мудири маорифи ноҳияи Восеъ Орифзода Муҳаммад қайд намуд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Ҳамаи мо ва масъулони соҳаи маорифро  зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро андешем ва ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg