БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ БАҲРИ ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати таҳкими фаъолияти маънавии  волонтёрони назди Кумитаи иҷроия аз ҷониби масъулини ҳизбӣ курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон зимни суҳбат бо волонтёрон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Солиҳов Фаррух оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои иртиҷоӣ, зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияҳо байни ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ ва зебоипарастӣ дар дили онҳо ва фаъолона иштирок намудан дар корҳои ободонию созандагӣ ибрози ақида намуд.

Дар навбати худ волонтёрон иброз намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои эшон хуб таҳсил намуда, баҳри ободии диёрамон ва гулгулшукуфоии он ҳар коре, ки бошад ҳиссаи худро мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg