БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНИ ДЕҲОТӢ

АНДЕША. Ман як ҷавони кӯҳистонӣ ҷавоне, ҳастам, ки шаҳди меваи истиқлол чашидааму дар оилаи деҳқон ба дунё омадаам. Вале бисёр саргузашти рангорангро аз сар гузаронидаам. Аз рӯзе ки худамро мешиносам дар давлатамон сулҳ пойдор асту дар лабони ҳама ханда ҳувайдост. Сад шукур ки дар чунин давлати орому осоишта умр ба сар мебарам.                      

Аз рӯзе, ки ба мактаб рафтам бисёр ба хондан шавқи зиёд доштам вале нарасидани лавозимоти дарсӣ дар фаслҳои зимистон надоштани сарулибоси зимистона бисёр азобам медод. Чун ки падар дар он шароите, ки дар он вақт доштем ҳамон қадар маош дошт, ки танҳо барои шикамамон, ки дар оила 7 нафар фарзанд будем мерасонду халос. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда шавқи маро ба хондан кам накард, зеро ба ояндаи дурахшони Ватанам боварӣ доштам ва ҳар рӯз ба ҳамаи он мушкилотҳо нигоҳ накарда бо шавқи баланд ба дарс мерафтам. Ҳар дарс, ки барои ба дарс ҷавоб гуфтан ба тахтаи синф мебаромадам, аз либосҳо ва пояфзолҳои даридаам шарм медоштам ва ҳамсинфонам ба ман мегуфтанд: як пояфзоли нарм намехарӣ? Бо ин ҷавоб худро аз ҳолати ногувор  мебаровардам. Ҳоло  падарам мехарад. Вақте, ки ин суханҳоро аз ҳамсинфонам мешунидам шавқам ба дарсхонӣ кам неву дучанд мешуд. Чун ки фақат худ ба худ мегуфтам. Имрӯз ман азоб кашидам. Мехонам дар оянда фарзандони ман азоб накашанд. Ин суханхо дили маро ба зиндагӣ гарм мекарду боз бо завқтар ба дарсҳоям тайёрӣ медидам. Хуллас мактабро ҳаминхел бо баҳои хубу аъло хатм кардам .             

Баъди хатми мактаби миёна хуҷҷатҳоямро ба Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бароям даргоҳи муқаддас аст, бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик супоридам. Коллеҷи омӯзгорӣ даргоҳе бароям даргоҳе буд, ки сарчашмаи сабзишам аз ин даргоҳ оғоз ёфт. роҳбарияти он вақта  донишоӯзиамро дида, пайваста дастгирӣ мекарданд. Ин даргоҳи муқаддасро соли 2015 бо дипломи аъло хатм намуда, барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳоямро ба ДДК ба номи устод А.Рӯдакӣ ба факултаи филологияи тоҷик  ва рӯзноманигорӣ супорида, ба хизмати Ватан -Модар даъват шудам. Ин мактаби мардонагиро соли 2017 бо сари баланд  ба итмом расонида, ба назди падару модарам баргаштам ва таҳсилро дар донишгоҳи болозикршуда идома дода, онро соли 2020 хатм намудам. Коллеҷу донишгоҳ маро донишу малака ва ихтисос доданд, хизмати харбӣ ба ман мактаби зиндагиро омӯзонд. Аммо мактабе, ки маро дар ҷамъият муаррифӣ кард ин мактаби “Волонтёри” буд. Ин мактаб буд, ки имрӯз маро мешиносанд ва ман ҷои худро дар ҷамъияти имрӯза пайдо намудам. Вале ҳамаи ин муваффақиятҳоро ман дар фазои сулҳу ороми ин сарзамини  биҳиштосо дарёфтам. Шояд агар ин оромию осоиштагӣ намебуд ҳамаи ин орзуҳоям амалӣ намегаштанд. Аммо Худоро шукр мекунам, ҳамаи он заҳматҳо ва азабҳои кашидаам имрӯз маро дар миёни мардум муаррифӣ кардааст. Дар охир ба хонаандаи азиз муроҷиат карда мегӯям барои ба муваффақияти ноил гардидан пеш аз ҳама ба худ боварӣ ҳосил намо ва ояндаро ба чашми нек нигар. Чун, ки боварӣ ба худ шахсро ба муваффақият бурда мерасонад. Имрӯз ман шукрона аз он мекунам, ки тоҷикам аз Тоҷикистонам ва ҳамаи ин муваффақиятҳоям аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва фаъолияти пурсамари хизби ояндасози миллат Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон мебошад, ки мехоҳам суханҳои худро бо ду мисраи  шеърӣ аз устод Раҷаб Ғаффор дар васфи ин ҳизби некбин ба итмом расонам.

Ҳизби мо ҳизби наву созанда аст,

Такягоҳи давлати поянда аст.

Шодибеги Идӣ,  ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg