БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАСТҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

БОХТАР. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №12-и шаҳри Бохтар дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Бохтар доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Низомзода Насриддин, муфаттиши калонии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Ҳикматзода Маҳмадамин ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Нахуст, баромадкунандагон доир ба муҳатвои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, мубориза бо коррупсия, баланд бардошани сатҳи донишу саводнокии насли наврасу ҷавон, саҳмгузорӣ дар оодониву гулгулшукуфоии меҳани азиз, сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон, мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, махсусан пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ғайра ибрози назар карданд.

Аз ҷумла, Низомзода Насриддин, гуфт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар бояд барои тамоми сокинони кишвар дастурамали корӣ бошад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон низ дар баробари дигар масъалаҳои ҷомеа ба масъалаи мубориза бо коррупсия тавваҷуҳ карда, таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ба сухан баромада зикр кард, ки амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  ки дар Паёми имсолаашон ба мардуми шарифи кишвар ироа гардида буд ва дар мубориза бо падидаҳои номатлуб бояд дастҷамъона мубориза барем.

Бояд таъкид намуд, ки  вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар вилояти Хатлон ва Мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва гузаронида шуд. Дар назар аст, ки чунин вохӯрӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ташкил ва гузаронида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg