БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҷавонон солимии миллат аст

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Шаҳритуз  дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳия мусобиқаи варзишии волейбол ва  футбол таҳти унвони «Солимии ҷавонон солимии миллат аст» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мактаби варзишии ноҳияи Шаҳритуз  доир гардид.

Дар чорабинии мазкур  хонандагони синну соли 14-15  ва 16-17  сола байни ҳам  қувваозмоӣ намуда,  маҳорати хешро  дар бозиҳои шавқовари варзишӣ  нишон доданд.

Мақсади асосӣ аз баргузории бозиҳои варзишӣ обу тоби бадан, табрияи насли наврасу ҷавон  дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва арҷ гузоштан ба дастовардҳои арзишманди Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ мебошад. Чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди  ноҳияи Шаҳритуз идома доранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg