БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМТҲОИ АСОСИИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БАЛҶУВОН. Паём сухани самии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст: ифодаи самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат дар Паёми Пешвои миллат” гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар деҳаю маҳаллаҳо вохӯрию суҳбатҳо миёни сокинон  доир карданд.

Ҳамчунин, гурӯҳҳои корӣ аз рафти кишту корӣ сокинон дидан намуда, ба онҳо барои ба даст овардани ҳосили хуб аз ҷониби мутахассисону кишоварзон тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Зимни  мулоқот ҳамчунин аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Шаҳидон Ятимов Сафарбек  дидан намуда,  мушоҳида гардид, ки Ятимов Сафарбек ҳезум ба қадрӣ  зарурӣ барои замистонгузаронӣ ва  сарфакорона истифода намудани қувваи  барқ  захира намуда, таҷирибаи ӯ ба дигарон талқин карда шуд. Ва инчунин  дар 0,15 сотих замини наздиҳавлигӣ картошка кишт намудааст, ки барои таъмини хонадон бо ин маҳсулоти зарурӣ мусоидати комил  менамояд.

Таҷрибаи ғании чунин деҳқонони асил ба дигарон тавсия  гардида, аз тарафи гурӯҳи корӣ  таъкид карда шуд, ки барои пешрафт ва зиндагии шоистаи худ ва мардум бояд  дар якҷоягӣ  меҳнати аҳлонаю содиқона намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg