БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ХЕШ МЕҲНАТ МЕКУНЕМ!

БАЛҶУВОН.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Шаҳидон”-и Ҷамоати деҳоти Сари Хосор гурӯҳҳои  кории Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  оид ба  баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриву суҳбат миёни сокинон доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ қайд намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ сараввал аз вазъияти ноустувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон сухан карда, қайд намуданд, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин. Ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонид.Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар чунин вазъият  фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилиҳо, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ карда шуд.

Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ҳар  ваҷаб заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, аз он ҳосили хуб ба даст биёрад то ки  дар таъмини зиндагии хеш ва бозори истеъмолӣ саҳми беназир гузорад.

Ҳамчунин,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода  Исуф оид ба Паём ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз баромад  намуда,  зикр кард, ки дар  Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Баҳри иҷрои  дастуру  супоришҳои  Роҳбарияти  кишвар тамоми чораҳои зарурӣ дар ноҳия андешида шуда, барои  самараноку оқилона истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ гурӯҳи корӣ аз чанд заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg