МУЪМИНОБОД. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони кӯчаи Нарзулло Сафарови ҷамоати шаҳраки Муъминобод баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раҷабова Гулсунбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба сухан баромада, нисбати самтҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида кард.
Дар идома Мирзошарифзода Сабоҳат раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод оиди таҷлили ҷашни бузургӣ миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар суханрони намуда мардумро ба корҳои созандагию бунёдкори даъват намуд.