КӮЛОБ. Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” бо иштироки муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунавараи Бозоралӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, иштирокдоронро ба муносибати таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, омӯзгорон ва хонандагоне, ки дар чорабинии фарҳангӣ фаъолона ширкат доштанд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар рафти чорабинӣ хонандагони муассисаи номбурда, саҳнаҳои тарбиявӣ ва намоиши ҳарбӣ ба ҳозирин пешкаш намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳибии “Дӯстии халқҳо” Эмомова Шаҳло ба сухан баромада, зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ қодир аст, ки марзу буми Ватан ва истиқлолияту якпорчагии кишварро садоқатмандона ҳимоя намуда, дар таъмини амнияти Тоҷикистон саҳми беназир гузошта истодааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагоне, ки дар озмуни рассоми беҳтарин ширкат варзиданд аз тарафи маъмурияти мактаб қадрдонӣ карда шуд.