ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Ваҳдат" ва "Лоҳутӣ"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Хурсандзода Рустам ва Исмоилов Исматулло фаъолона ширкат варзида, мардумро барои анҷом додани корҳои ободонӣ ращнамоь карданд.
Дар ин чорабинии муҳим сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва гирду атрофи оромгоҳи деҳаро аз партовҳо, алафҳои хушкшуда ва худрӯй тоза намуда, дар ободии маҳал саҳми худро гузоштанд.