БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қадамҳои ҲХДТ дар роҳи созандагӣ устуворанд

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҳаллаи  ба номи Эргашеви ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур доир гардид.

Роҳбари  гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов  бо  сокинони маҳалла изҳор дошт, ки пеш аз ҳама мақсади ташрифи гурӯҳи кории ҳизбӣ дидорбинӣ  буда,  дар  баробари ин дастуру супоришҳое, ки  аз  мақомотҳои болоии ҳизбианд  ба  шумо расонидану дар якҷоягӣ аз пайи татбиқи он шудан мебошад.

Ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда, зикр кард, ки дар воқеъ Паёми  Президенти  Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ, барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва бо инобати ин Пешвои миллатамон, соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон доштанд.

Дар охир мар думи маҳаллаи Эргашеви ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  дар навбати худ итминон доданд, ки таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва он нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардид, барои рушди соҳа саами арзанда мегузоранд.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад тибқи ҷадвали тасдиқгардида, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  кариб ҳамарӯза бо сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриҳою мулоқотҳои судмандро баргузор менамоянд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg