БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИДМАТ БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ – АМРИ ВИҶДОНӢ ВА РИСОЛАТИ ДАВЛАТМАДОРӢ

(андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АНДЕША. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли ҷорӣ) дар арафаи таҷлили куҳантарин ва бостонитарин ҷашни миллӣ – ҷашни Сада  рост омад ва мусалламан, Сарвари давлат ҳамеша аз мерос ва арзишҳои куҳанбунёди миллӣ васфу ситоиш  мекунад ва дар сиёсати ӯ ҳифз ва гиромидошти фарҳанги бостонӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ойин ва маросимоти  бошукӯҳи Сада, ки чанд соли ахир бо ибтикори Сарвари давлат мавриди таҷлили ҳамагонӣ қарор мегиранд, баёнгари онанд, ки давлат дар симои Президент ба фарҳанги миллӣ такя мекунад ва сиёсати давлати бар мабнои авлавиятҳои миллӣ ҷараён мегирад. Ба ин маъно, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо тадорукоти чашни Садаи бостонӣ ҷур омад ва ин ҳамоҳангӣ пайванди сиёсати давлатиро бо ҷашну ойинҳои миллию мардумӣ ба намоиш мегузорад. Сада ҷашни чиҳилумин рӯзи таваллуди Хуршед аст ва Меҳр гармию нармиши зиндагӣ ва вуҷуди инсониро таъмин мекунад. Бовар дорем, ки маросимоти Садавӣ, ки як навъ барномарезиҳои мушаххас дар қиболи мушкилоти рӯзафзуни рӯзгор маҳсуб меёбанд, ба фаровонҳосилӣ сабаб мегарданд ва мардуми тоҷик соли нави мелодии 2021-ро бо гармию нармӣ сипарӣ менамоянд.

Муҳимтар аз ин, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ авзои буҳронии минтақа ва ҷаҳонро, ки бар асари паҳншавии бемории сироятии COVID– 19 ноҷур шудааст,  фаро гирифт. Ба сухани дигар, Паём, вобаста ба шароит ва вазъият, фарогири иттифоқи номатлуби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва беҳдоштии соли 2020 низ буд. Ин аст, ки таҳлили авзоъ дар бастагӣ бо шароит иттифоқ афтод, ки Паёми имсоларо аз Паёмҳои солҳои қаблӣ мутамоиз месозад.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муддати зиёда аз ду соат (дақиқтараш, ду соату сӣ дақиқа) ироа гардид. Дар ин муддат тамоми паҳлуҳои сиёсати давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Албатта, дар маҳдудаи зиёда аз ду соат ба риштаи тахлил кашидани фаъолияти солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мунсифона расидагӣ намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти сиёсати иҷтимоии давлат маҳорати таҳлилии хосро тақозо мекунад ва Президент, бо такя ба собиқаи мудирият ва раҳбарӣ, тавонист, ки дар ин муддат на танҳо аз муваффақиятҳо сухан дар миён биоварад, балки камбуду мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ рӯйирост бозгӯ кунад ва ҷиҳати ҳалли мушкилот роҳҳалҳои муассир манзур созад.

Баъдан Президенти кишвар ба самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соли ҷорӣ таваҷҷуҳ намуда, ҷиддан ба масоили марҳила ба марҳила афзудани буҷаи давлатӣ, се баробар коҳиш ёфтани  сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тавсеа бахшидани майдони боғу токпарварӣ, сохтмони иншоотҳои муҳим, таъсис додани ҷойҳҳои нави корӣ дар шароити пандемия, афзоиш додани нишондодҳои микро ва макроиқтисодӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва кишоварзӣ, танзими нархҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ, назорати таварруми асъори миллӣ дар низоми бонкӣ, пойин бурдани шиддати буҳрони иқтисодию молиявӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ дар замони буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва пандемия, таъмиру тармими  роҳҳо, татбиқи сиёсати технологияҳои  инноватсионӣ, сиҳатии омма, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар доираи Сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи илму маорифи ватанӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва гуманизм, мубориза бо терроризму эктстремизми динию мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, коррупсия ва ришвахурӣ, муҳтавои сиёсати хориҷӣ расидагӣ карда, фаъолияти солонаи Ҳукуматро дар робита бо соҳаю бахшҳои гуногун мавриди таҳлили ҳирфаӣ қарор дод.

Сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат на як бору ду бор, балки дар ҳар як Паёми худ муқарраран таъкид мекунад ва дар ин Паём ҳам масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ матраҳ гардид. Тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи миллӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, ба вижа, дар илмҳои табии-риёзӣ ва амсоли инҳо самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат, ҳанӯз аз оғози фаъолият дар тамоми  баромаду суханрониҳояш, ки  ба ин ё он муносибат ироа мегардиданд, ба нуктаи калидӣ - илм ва маорифи миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекард ва ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъамро дар сиёсати давлатӣ мукаррар таъкид мекунад.  Дар ин робита, Сарвари давлат ба масъалаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” аз дидгоҳи таҳлилӣ ва ихтисосӣ бархӯрд карда, аз ҷумла  зикр намуданд, ки пайгирии сарнавишти иштирокчиёни проекти маърифатии мазкур амри зарурист. Воқеан, проекти маърифатии “Фурӯғи субҳи доноӣ” собит кард, ки миллати тоҷик китобхону китобдор аст ва новобаста ба синну сол ва тафовутҳои синнусолӣ мардум ба мутолеаи китобҳои бадеӣ мароқ зоҳир менамояд. Ин аст, ки муаррифии бояду шояди иштирокчиёни проекти ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар маҳаллу минтақаҳои ҷумҳурӣ  ва чеҳрасозии онҳо дар ВАО ба манфиати кор хоҳад буд.

Сарвари давлат дар Паём ба масъалаи муҳимми давлатӣ - ба дараҷаи кишвари саноатӣ-индустриалӣ  расонидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ин ҳадаф, сол ба сол ба сифати хадафи стратегӣ дар низоми сиёсии давлати Тоҷикистон авлавият пайдо мекунад. Ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани мамлакат аз кормандони сохторхои давлат, махсусан блоки иқтисодии ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маърифат ва ҳиммати баландро тақозо мекунад. Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳаққуқ мебахшад. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, Президент дар Паём изҳор доштанд, ки Точикистонро ба кишвари муваффақи саноатӣ ва транзитӣ бояд табдил дод. Бунёди корхонаҳои саноатӣ аз ҳисоби сармояи дохилию хориҷӣ боиси рушд ва тавсеаи истеҳсолоти ватанӣ гардида, ба таври тадриҷи чумҳуриро ба кишвари транзитӣ табдил медиҳад. Маълум аст, ки рушди миллӣ, қабл аз ҳама, ба раванди саноатикунонӣ вобаста буда, ба вучуд омадани ҷомеаи саноатӣ-индустриалӣ ва минбаъд посиндустриалӣ ба кайфият ва чигунагии истеҳсолоти ватанӣ иртибот дорад.

Масъалаи таъсис додани ҷойҳои корӣ аз нукоти мухимтарини Паёми имсола махсуб ёфта, Сарвари давлат ҳангоми баррасии ин ё он соҳа ба таври бевосита ва бавосита ба он таваҷҷуҳ намуданд. Зимни баррасии матлаб Президент ба мақомоти давлатӣ дастур доданд, ки барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамасола чойҳои корӣ ҷудо намоянд, то ин ки мушкилоти бекорӣ дар қаламрави кишвар роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Ҳалли масоили бекорӣ тавассути ҷудо намудани ҷойҳои нави корӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани насли ҷавон ва миёнсоли ҷумҳурӣ, ба танзим даровардани фаъолияти бахшҳои шуғли аҳолӣ, кам кардани андоз барои истехсолкунандагон ва сохибкорони  ватанӣ,  осону сода намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар заминаи андозситонӣ, барҳам додани бюрократизм ё расмиятчигии идорӣ, роҳ надодан ба санҷишу аудитҳои молиявии нолозим ва камаҳамияти корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ки аз чониби мақомотҳои зиддахл сурат мегиранд, муқовимати давлатӣ ва иҷтимоӣ бо хатарҳои глобалии терроризму экстремизм, муборизаи саросарӣ алайҳи ришвахорӣ ва ришваситонӣ вазифаи масъулини давлатӣ ва ҳукуматӣ мебошад. Президент, барҳақ, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафи ниҳойӣ – сохтмони кишвари саноатӣ-кишоварзии муваффақро ба заҳмати софдилона ва хизмати бовиҷдононаю содиқонаи масъулини давлатӣ ва шаҳрвандони чумҳурӣ вобаста донист.

Махсусан, дар шароити пандемия ва ташаннуҷи буҳрони молиявӣ, ки зиёда аз як соли ахир муҳоҷирони кории моро нигарон сохтааст, тахсис додани ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо кор дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор дорад. Ҳамчунин, Сарвари давлат боло бурдани нафақапулии маъюбону бепарастон, зиёд кардани идрорпулии магистрону аспирантон ва докторантон, аз андози замин барои як сол озод намудани аҳолиро тадбири муҳим дар шароити имрӯзӣ талаққӣ намуданд. Ин маънои онро дорад, ки хидмат ба Ватан, миллат, халқ ва давлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва рисолати давлатмадории хеш  дониста, умран дар ин масир ҳаракат карданро амри виҷдон мешуморанд.

Нуров Фозил, узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg