ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Маркази иҷтимоии хизматрасонӣ дар хона” бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза оид ба Паёми имсола ибрози ақида намуда, қайд кард, дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пирону барҷомондагон ва ниёзмандон яке аз рисолатҳои неки инсонӣӣ ба шумор меравад.
Баъдан дар идома раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Султонова Саёҳат иброз намуд, ки дастгирии пирону барҷомондагон ин амали накӯкорию эҳсонкорӣ буда, мо кормандон пайваста кӯшиш менамоем, ки дастгири чунин шахсон бошем ва вазифаи худро ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда содиқона иҷро намоем.