БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШРИЯҲОИ ҲИЗБӢ -ТАРҒИБГАРИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ

ВОСЕЪ.  Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзномаи “Минбари халқ”, минбари асосии таблиғоти ҳизб маҳсуб гардида, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро ба таври густурда инъикос менамояд. Дар ин хусус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба хондани нашрияҳои ҳизбӣ ва бедор намудани тафаккури сиёсии онҳо дар ҳудуди ноҳия бо усули “роҳ ба роҳ” нашрияи мазкурро миёни сокинон паҳн  намуданд.

Ҳамзамон, зимни суханронӣ ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар нашрияи ҳизбии «Минбари халқ», тамоми рӯйдодҳои ҳизб, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводҳои ҷаласаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, рафти иҷрои ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ оид ба корҳои ободкориву созандагӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз чоп мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg