БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

АНДЕША. Парвардигори олам дар як ҳадисе ривоят мекунанд, ки накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби қуръон бигуфто, зери пои модар аст

Оре, зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз тамоми ҳастиаш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.

Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.

Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон якхел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5, хоҳ 50, барои навозишу нигоҳӣ ӯ модар зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.

Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолӣ дар ғаму андуҳ шарикам, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамотам, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат нигаҳбонам шудию бо дили афсурдаат ҳимояам.

Модар - зан аст. Зан бошад олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд:

Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона, имрӯз  соҳае нест, ки дар он занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад. Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан-модар нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд.»

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Хуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо,

Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт-

Дон, ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!

Модар! Ин калима барои ҳар фард, новобаста аз ранги пӯст ва гуногунии забон, маҳбубтарин калима аст. Модар ягона шахсест, ки то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар фикри фарзанд аст, агар зарур бошад, баҳри наҷоти фарзанд бе фикру андеша худро фидо мекунад. Модар, гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мост. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст.

Падару модар дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чӣ ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати сарвину алифсони онҳо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, з-ин рӯ бар фарзандон воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром ва икром намоянд.

Расули акрам (с) фармудаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».(«Лубб-ул-албоб», Ровандӣ, ҳадиси 17933).

«Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорӣ кунад, дар болотарин дараҷаи биҳишт қарор дорад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45480).

Дини мубини ислом чӣ тавр ба мақому манзалати эҳтироми онҳо баҳо медиҳад ва қадру рутбаи онҳоро то кадом дараҷа боло бурдааст, инро дар сураҳои Исро, ояти 23; Аҳқоф, ояти 15; Луқмон, оятҳои 13-15; Соффот, ояти 102; Нисо, ояти 36; Анъом, ояти 151; оятҳои 12-14, 30-32 ва гуфтаҳои Паёмбари акрам (с), асҳоби ӯ, тобеин, олимону бузургони мусулмон дидан мумкин аст.

«Модарон ба мисоли мактабанд». Ин маънӣ аз суханҳои гаронбори Паёмбари Худо (с) бармеояд. Дар ҳақиқат модар барои фарзанд ҳам мактаб аст, ҳам муаллим. Шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад.

Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.

Дар ин маврид Паёмбар (с) фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар».

Абӯҳурайра (р) мегӯяд: «Шахсе  назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт:

- Ё Расулуллоҳ (с), сазовортарини мардум, ки барояш эҳсон кунам кист?

Фармуданд:

-Модар, сипас модар, боз модар, баъд аз он падар (Муттафақун алайҳ).

Аз ин гуфтаҳои Паёмбар мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар иҳотаи раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар (с) бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд, шир додан, ҳама бар дӯши ӯст ва аз ин рӯ, фарзанд бояд шафқатро нисбати ӯ бештар кунад.

Имом Тирмизӣ (р) аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд: Худои таъоло аз он банда розӣ мебошад, ки падару модар аз ӯ розӣ бошанд ва ҳар он банда, ки падару модараш аз ӯ розӣ набошанд, Аллоҳ таъоло он бандаро ба ғазаби худ гирифтор карда, дар оташи дӯзах бияндозад.

Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш,

Ба бад тез маштобу бар бад макӯш.

Шабу рӯз чун ҷон гиромиш дор,

Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.

 Абулқосими Фирдавсӣ

Аммо фарзандоне ҳастанд, ки модарро хор менамоянд ва дар айёми пирӣ нисбати  модар бепарвоянд. Гузашта аз ин, дар рӯи олам фарзанде низ ҳаст, ки беҳтарин ва бузургтарин бандаи Худо - модари худро дар Сурия ба қатл расонд. Мисли душмани ашаддӣ сари модарро аз тан ҷудо сохт. Дар он лаҳзаҳо аз дили модар чӣ гузашта бошад? Модар ин Алии хунхорро ба умеде парварда буд, ки барояш пушту паноҳ бошад, дар айёми пирӣ мисли асо дастгираш шавад. Аммо сад афсӯс…

Худованди қаҳҳор чунин махлуқи модаркушро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ба азобҳои сахттарин гирифтор мекунад, ки ҳаргиз аз дӯзахи тасфон берун наояд!

Падаркушро дар ин олам набояд,

Агар бояд, пас аз шаш моҳ нашояд!

Худованд ба зудӣ чунин фарзандро аз рӯи олам маҳв хоҳад кард! Модаркушӣ не, ҳатто ба волидон бо назари бад нигоҳ кардан, суханонашонро қабул накардан, фармудаҳояшонро иҷро накардан мавриди хашми Худо мегардад.

Дар ин хусус Паёмбар (с) фармудаанд: «Намози касе, падару модараш аз ӯ хашмгин ва норозӣ бошанд, қабул намешавад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45485).

Дар «Ҷомеъ-ус-сағир омада: Аллоҳ таъоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст. Ҳар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро итоат карда бошад, аз аҳли ҷаннат аст. Ҳар касе, ки волидайнро озор дода бошад, Аллоҳ таъолоро ба ғазаб оварда бошад.

Дар китоби «Симои Имоми Аъзам»-и Шиблии Нуъмонӣ омада:

Падари бузургвори Имом Абӯҳанифа қабл аз расидани Имом ба синни булуғ вафот карда буд, аммо модари гиромии эшон то муддати тӯлонӣ дар қайди ҳаёт буд. Ва мавқеияти хидмати модар барои эшон фароҳам гардид. Имом Абӯҳанифа ин фурсати тиллоиро ғанимат шумурда, бо тамоми вуҷуд машғули хидмат шуд. Модари Абӯҳанифа монанди умуми занон ба воизони достонсаро ва ақволашон бештар эътимод дошт. Дар Кӯфа воизе бо номи Амр ибни Зар зиндагӣ мекард, ки модари Имом Абӯҳанифа ба ӯ хеле эътимод ва эътиқод пайдо карда буд. Ва ҳар масъалаеро, ки барояш пеш меомад, ба Имом дастур медод, то аз Амр ибни Зар истифто кунад. Имом низ тибқи дастури модар назди Амр мерафт ва ҷавобро ҷӯё мешуд. Аммо Амр маъзаратхоҳӣ мекард ва мегуфт: «Чӣ гуна метавонам дар ҳузури Шумо лабкушоӣ кунам? Имом Абӯҳанифа (р) изҳор медошт: «Модарам маро чунин дастур додааст». Дар аксар авқот Амр ҷавоби масоилро намедонист ва аз Имом Абӯҳанифа дархост мекард, то ҷавоби масъаларо бигӯяд ва ӯ аз забони Имом ҷавобро такрор мекард.

Боре ҳокими вақт Ибни Ҳубайра, Имом Абӯҳанифаро барои қозӣ шудан даъват намуд ва эшон ин пешниҳодро қабул накарданд. Бар асари он Имом Абӯҳанифаро шалоқ заданд.Модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абӯҳанифа мефармуд: «Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам».

Бояд дар хотир дошт, ки дар баробари соҳибэҳтиром будан, падару модарон вазифаву масъулият ҳам доранд.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин масъулият ба ҳукми қонун даромад ва иҷрои он вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Волидон вазифадоранд ба фарзанд номи нек гузоранд, ӯро нигоҳубин ва тарбия кунанд, одоб ва илм омӯзонанд, соҳиби касб ва оиладор кунанд, дар интихоби ҳамсари нек бикӯшанд ва даҳҳо омилҳои дигар, ки барои ба воя расонидани фарзанд заруранд.

Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.

Агар ҳар падару модар дар ислоҳи хатои фарзандон, бартараф сохтани нуқсону камбудиҳо камари ҳиммат банданд ва ҷавононро ба роҳи нек ҳидоят кунанд, рисолати худро анҷом медиҳанд. Зеро панду андарз, тарғиби корҳои нек ин рисолати ходимони дин ва ҳар як шахси савобҷӯ аст.

Зан-модар! дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосе дорад. Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ ва тавфиқу комёбиҳо орзу намуда, ба даргоҳи Худованди муттаол ва Офаридгори замину осмон дуо мекунем, ки амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамонро поянда нигоҳ дорад.

Камолиддинзода  Ҷомӣ,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg