
Н.ХУСРАВ. Бо мақсади амалисозии таъкидҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори санаи муқаддаси таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор, узви фаъоли ҲХДТ сокини деҳаи Олтинсойи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав Бобораҷаб Бердиев дар даромадгоҳи ноҳия, маркази хизматрасонӣ, аз қабили дӯкони гӯштфӯрӯшӣ, мағозаи хӯрока, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, сартарошхона ва истгоҳи замонавӣ бунёд гардида истодааст, ки то ҷашни иди Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад.