БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - МУЖДА АЗ ХАЙРУ БАРАКАТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби Ширин”-и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба шархру тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” -ро риоя намудан бармеояд, вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки Паём - санади тақдирсоз барои давлату миллати тоҷик буда, пайравӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат вазифаи ҳар як фарди бонангу номус мебошад. Ҳамзамон самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg