БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМО ВА НАВИДИ НАКУСТ

АНДЕША. Барои мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, кормандони касбу кори гуногун боиси ифтихормандӣ аст, мардуми кишвар зери таъсири Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қарор доранд.

Воқеан ҳам, иштироки фаъолона ва дастаҷамъонаи  ташкилотҳои ибтидоии  ноҳияи Ёвон, кормандони касбу кори гуногуни ноҳия дар баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нишонаи соҳибихтиёриву соҳибэҳтиромӣ ба давлату миллат ва хоса ба   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аст, зеро ки Пешвои миллати Тоҷикистон бо талошу заҳматхои худ, фидокорӣ, ғамхориҳои бесобиқа нисбати халқи Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои созандааш ба мақому манзалати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвом миллат сазовор гардидааст. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ давоми шаҳодати гуфтаҳои болост, зеро ки  дар Паём тамоми самтҳои соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ карда мешавад.

Омӯзгорони ноҳияи Ёвон давоми ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ гардида, қайд карданд, ки аз Паём то Паём  дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар умум, агар аҳамият диҳем аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода супорида шудааст, ки ин нишонаи рушд ва пешравӣ дар соҳаи илму маорифи кишвар мебошад.

Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд мебардоранд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти мамлакат  ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.

Илова бар ин, Пешвои маорифпарвари миллат ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» -ро эълон доштанд.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуда, дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем, сол то сол меафзояд.

Дар Паёми мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул гардида, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш ва аз ҷумла Паёми навбатиашон боиси ифтихору шукргузории кулли кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хосаро касб мекунад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб меёбад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд.

Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси қонунгузории кишвар ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил намуда, дилпурона изҳор доштанд, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Хурду бузурги мардуми ноҳияи Ёвон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест.

Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову Шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.

Раҳматуллоев Мақсудҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg