![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180529_091028.jpg?itok=t762-X0e)
ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Идораи пилла» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мулоқот доир гардид.
Зимнан Насим Сабурзода оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки урфу одат ва анъанаҳои гузаштагони миллати тоҷик саршор аз хусусиятҳои башардӯстист. Аз чунин анъанаҳои башардӯстонаи миллати мо ин аёдати ҳатмии бемор ва ҳатман хабар гирифтану бо суханони таъзия байн кардан ба шахсони аъзодор мебошад. Ҳикмати ин анъана дар он аст, ки инсон дар лаҳзаҳои душвори ҳаёти худ пайваста чашм ба роҳи дӯстон аст ва ба дидору суҳбати онҳо сахт эҳтиёҷ дорад.
Гузашта аз ин қисмати дуюми чорабинӣ бо суолу ҷавобҳои мушаххас атрофи мавзӯъи ҷойдошта ҳусни анҷом бахшида шуд.