БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН САРФАКОРИ БАРҚ БОШ!”

ЛЕВАКАНТ. Гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо сокинони деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Суҳроб Валиев, мудири бахши маорифи шаҳр Ниёзалӣ Ашӯров, раиси ҷамоати деҳоти Ваҳдат Султонов Фаррух ва собиқадори меҳнат Ҳикматулло Султонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Олимзода Низора ба сухан баромада, қайд намуд, ки яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми Сарвари давлат зикр шуд, ин талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷлили роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани некӯаҳволии мардум мебошад.

Инчунин, мавсуф гуфт, ки занону бонувон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор рафта, саҳми онҳо пеш аз ҳама дар таълим ва тарбияи фарзанд, ободиву сарсабзии кишвар назаррас мебошад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан- модар эҳтироми хоса дошта, барои ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин намудани занон дар ҳар як мулоқоту вохӯрӣ, сафарҳои корияшон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳанд.

Баъдан  Суҳроб Валиев зимни суханронӣ оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб ва шартҳои озмуни «Беҳтарин сарфакори барқ» ҳарф зада, аз ҳамагон барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg