БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНАМ ИФТИХОРАМ, ИМОНАМУ ВИҶДОНАМ

ВОСЕЪ. Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ иштирокдоронро бо Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ хонандагони синфҳои болоии муассисаи номбурда бо як ҳисси баланди маҳанпарастӣ якчанд намуди машқҳои ҳарбӣ, аз қабили қадамзанӣ, давидан,ҷаҳидан ва ғайраро намоиш доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg