![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210218_101011.jpg?itok=Mu6qn3S6)
ВОСЕЪ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ, эҳтиром ва пос доштани муқаддосотӣ миллӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ҷавонон иброз намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо муассисаро бо дониши хубу аъло хатм намуда, ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил мешавем ва дар оянда номбардори ин миллату ин сарзамин шуда, баҳри ободии диёрамон саҳми худро мегузорем.