БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ СОДИҚОНА ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар доираи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Дурманов Сафаралӣ, сокини деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Ваҳдат, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон солҳои 1992-1994 адои хизмат намудааст ва ба Идиев Худойдод сокини деҳаи Шаҳриёри  ҳамин ҷамоати деҳот кумакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, картошка ва пиёз расонида шуд.

Дар рафти суҳбат мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Илҳом Даминов қайд намуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ҳеҷ гоҳ фарзандони фарзонаи худро фаромӯш нахоҳад кард. Шахсоне, ки ба ин марзу бум хизмати содиқона намудаанд, баҳри пойдории сулҳу субот ҷасорату мардонагӣ нишон додаанд, доимо мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор мегиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg