ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва дастгирии соҳибкори муваффақу ватандӯст Юсупов Раҷабалӣ ба иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ ва ҷанговарони башардӯст бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои молиявӣ расонида шуд.
Дар рафти туҳфасупорӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Одилҷон Маҳмадов суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар як инсони комил бояд донад, ки таъмини амнияту осудагӣ, тинҷиву оромӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллат бо хизматҳои ҷасуронаи сарбозону афсарон, ҳомиёну родмардони миллат ба даст омадааст. Мебояд, ки мо барои ҳар рӯзи орому осуда барои ҳимоятгарону ҳидоятгарон роҳи озодӣ изҳори сипос намоем ва чунин инсонҳои комилро азизу гиромӣ дорем.