БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар ҷомеа баланд гардидааст

ХУРОСОН. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва дигар шахсони даъватӣ дар мавзӯъи шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки аз 12.05.2018 бармеояд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аҳли ҷамоатчигии ноҳия, эмомхатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо, ҷавонону занон, ки зиёда аз 250 нафарро ташкил медод, иштирок доштанд.

Нахуст, Саидзода Раҳмон  нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва  ва суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар  ибрози андеша намуд, ҷамъомадагонро барои  дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат даъват намуд.

Баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо бо сокинони  ҳудуди  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон идома доранд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg