БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ТАНЗИМГАРИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ СОКИНОН ВА РУҲБАХШИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи  илму маориф” эълон гардидаанд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Муассалам аст, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Баҳри шарҳу тавзеҳи мазмуну  муҳтавои Паём дар самти  соҳаи маориф бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии №8-и деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим  бо иштироки   гурӯҳҳои таблиғотии  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон мулоқоту вохӯрӣ доир карда шуд. дар мулоқот тамоми таъкидҳои  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саводнок гардонидани насли ояндасози давлату миллат ба дарки ҷамъомадагон  расонида шуда, ба омӯзгорон бори дигар муроҷиат карда шуд, ки дар ин самт диққати зарурӣ дода, сатҳи таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg