БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШ ДАР СОЛИМИИ РӮҲИВУ ҶИСМОНИИ ҶАВОНОН ТАЪСИРИ МУСБӢ МЕРАСОНАД

АНДЕША. Имрӯз ҳар як сокини ватандору ватандӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери таассуроти нуктаҳои Паёми Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Инчунин, мардуми шарафманди Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн гирифтанд.

Бояд қайд дошт, ки Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин ва ҳифз намояд. Имрӯзҳо давлатҳое, ки соҳибистиқлол мебошанд, дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Дар тӯли  28 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷо овардаанд.

Имрӯзҳо мо вазифадор мебошем, ки дар ниҳоди ҷавонон бедор ва мустаҳкам намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, беҳтар намудани ҷараёни тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ, ифтихору ҳувият ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва омӯхтани таъриху фарҳангӣ миллӣ, ҳидоят намудани ҷавонон ба созандагӣ ва офарандагӣ муайян намудани омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, инчунин ташвиқу тарғиби ҷавонон дар интихоби касб насли ояндаи кишварро ҳидоят кунем.

Чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст, хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бо нангу номуси миллат буда, дар солимии руҳиву ҷисмонии ҷавонон таъсири мусбӣ мерасонад.

Афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

Ш. Маҳмадализода, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg