
ҲАМАДОНӢ. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон оид ба корҳои ободонию созандагӣ иброз доштанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таги намак” Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”- ро гузарониданд.
Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда даромадгоҳи деҳа, ки пур аз партов буд, тоза намуда, дар як тарафи роҳи даромадгоҳи деҳа зиёда аз 100 бех дарахтони оришии арча шинониданд. Инчунин, қисми роҳ, ки аз партов тоза карда шуд, аз ҷониби сокинони деҳа ба масофаи зиёда аз 350 метр сангфарш карда шуд.