БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ХОТИРМОН БУД

ФАРХОР. Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ дар Китобхонаи марказии ноҳияи Фархор Конференсияи илмӣ - фарҳангӣ бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандогони Ватан” баргузор гардид. Дар кори Конференсия ҳамчунин шоирон ва устодони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории конференсия баланд бардоштани маърифати ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон буда, дар ин мавзӯъ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ бо маърӯзаи васеъ баромад намуд.

Ҳамчунин, аз тарафи иштирокчиёни конференсия шеъру сурудҳо дар васфи Ватан ва Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди меҳан  аз ҷониби толибилмони муассисаҳои таълимӣ қироат карда шуда, конференсияи мазкур бо хотироти хуб анҷом ёфт.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg