БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДИДОРБИНИИ СОБИҚАДОРОН ДАР РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ТЕМУРМАЛИК. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик вобаста ба ҷашни 28 - умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дидорбинии ду нафар собиқадорони меҳнат Раҳматов Ғалимат, Шарипов Шароф ва ду нафар ҷанговарони башардӯст Саидов Убайд ва Ҷобиров Мирзомурод рафта, бо онҳо оид ба кору фаъолияти меҳнатиашон ва хизмат дар сафи  Қувваҳои мусаллаҳ суҳбати хотирмон анҷом доданд. Собиқадорони меҳнат ва ҷанговарони башардӯст зимни суҳбат аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои шоёни ин фарзанди фарзонаи миллат дар самти ободкориву созандагиҳо, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ  ёдоварӣ карда, дар ҳаққи миллату давлат  дуои нек карданд.    

Дар охири суҳбат намояндагони ҳизбӣ  барои фаъолияти пурсамаршон ба онҳо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаии иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмаликро супориданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg