БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танзим зиндагии моро пурфайзу баракат намуд

ХОВАЛИНГ. Барои ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеъи аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ 12 майи соли 2018 бо иштироки эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ҷамъомад доир карда шуд.

Дар ҷамъомад иштирокдорони маҷлиси васеъи аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ, аъзои ҲХДТ Ҷангихон Одинаев, сархатиби ноҳия Абдулҳамид Одилов баромад намуда, дастуру супоришҳоро аз суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи ҳозирин расониданд.

Дар баромадҳо қайд гардид, дар кори ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта масъулияти бузургеро ба душ доранд.

Зеро  тӯй ва дигар маъракаҳои мардум бо иштироки онҳо мегузарад. Аввалин шахсе, ки соҳиби маърака барои гирифтани дуо даъват менамояд, муллои деҳа аст. Сухани мулло бетаъсир нест. Агар ӯ чӣ дастуре диҳад, соҳибхона бечунучаро иҷро менамояд.  Ба эмомхатибон дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Двар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ба роҳ монда, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин дар бораи роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ сухан рафт. Муллои деҳа қайд намуд, ки  дар баромадҳо пеш аз никоҳ бояд муайян намояд, ки арӯсу домод ба якдигар хешу табор ҳастанд ва ё не. Дигар чизе, ки онҳо бояд талаб намоянд он аст, ки домоду арӯс аз назорати духтур гузаштаанд ё не. Дар акси ҳол ӯ бояд арӯсу домодро никоҳ накунад. Масъулиятшиносии эмомхатибон метавонад, пеши роҳи никоҳи хешутаборӣ ва паҳн гардидани бемории сироятии табобатнашавандаи ВИЧ/ СПИД-ро бигирад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз, ки дар маҷлиси васеъи ҷумҳуриявӣ сухан рафтааст, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

 Дар маҷлис чанде аз эмомхатибон баромад намуда, омодагии хешро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

                                                                                          

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg