БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттифоқу сарҷамъӣ таҳкимбахши иқтидори давлат

ФАРХОР. Шукру сипоси беандоза ба Сарвари давлат ва Пешвои миллат, ки барои мо тоҷикон сулҳ овард ва миллати тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг муаррифӣ кард ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дар ин самт тибқи ҷадвали тасдиқшуда вохӯриҳо идома дошта, вохӯрии навбатӣ  бо сокнинони деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ 3-и ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, дар самти  шаҳру тавзеҳ ва татбиқи  Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои  мубрами рӯз суханронӣ намуданд.     

Дар охир бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Умед»  таъсис дода шуда, Алиев Сафар раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg