ВИЛОЯТ. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар қаламрави вилоят чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардида истодаанд.
Дар ин доира мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар ва дигар шахсони масъул ба дидорбинии наздикону пайвандони М.Холназаров ва Ҳ.Носиров рафта, ба онҳо кумакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, картошка, сабзӣ ва анвои нонӣ расониданд.
М.Холназаров зодаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён буда, соли 1995 зимни адои хизмати ҳарбӣ ва баҳри барқарор намудани сохти конститутсионии давлатдорӣ ҳалок гаштааст. Носиров Ҳ. зода ва сокинони ҷамоати деҳоти Заргар мебошад, марҳум ихтиёран барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рафта, бо нишон додани ҷасорату мардонагӣ барои несту нобуд кардани душманони миллат сахт маҷруҳ гаштааст.
Дар рафти суҳбат қайд гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ҳеҷ гоҳ фарзандони фарзонаи худро фаромӯш нахоҳад кард. Шахсоне, ки ба ин марзу бум хизмати содиқона намудаанд, баҳри пойдории сулҳу субот ҷасорату мардонагӣ нишон додаанд, доимо мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор мегиранд.