БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА САР БА САР ТАН БА КУШТАН ДИҲЕМ...

 «Ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».

                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқарароти маъёри давлатдорӣ соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Артиши миллии худ мебошад. Парчаму нишон бо рангу рамзҳояшон ҷаҳониёнро бо анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон ошно месозад. Ба андешаи ман, мо метавонем бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему Ватанамонро ободу зебо гардонем. Зеро оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошад, акси ин ҳол ба миён меояд. Бояд зикр намуд, ки муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ба ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад.

Тавре, ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гаҳвараки чашм ҳифз мекунем».

Дар шароити душвори ҷомеа, бахусус вазъи ногувор ҳаёти сиёсии олам ва авҷ гирифтани терроризм кишвар метавонад бе Артиши миллӣ мукаммал ва боқудрат бошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои такмили сохторҳои ин неруи бузург ҳамасола тадбирҳои муҳим меандешанд. Боиси ифтихор аст, ки Артиши миллии мо дар ҳифзи марзу бум қодир аст ва намегузорад, ки фазои сулҳу суботи мамлакат халалдор гардад.

Фарзандони бонангу номуси Ватан ҷон ба каф хоки муқаддаси Ватанро ҳимоя мекунанд. Аз таҳлили мавзуъ чунин хулоса бармеояд, ки ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстии наврасону ҷавонон ба қадри кофӣ ҳаст. Хуб мешуд, дар муассисаҳои таълимии ноҳия Ватан доир ба моҳияти ҳимояи Ватан бештар чорабиниҳои оммавӣ сурат бигирад, то бархе аз ҷавонони мо аз хидмат дар сафи ин Артиш саркашӣ накунанд. Агар мо худ Ватанамонро аз фалокатҳои ҷаҳонӣ эмин медорад. Ҳамагон бояд шукрона кунем, ки дар Ватани ободу зебои мо фазои сулҳу ваҳдату якдилӣ ҳукм меронад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан ва барои пойдории субот талош кардан лозим аст.

Чуноне, ки бузургон фармудаанд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.    

28-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборак, ҳамватанони азиз!

Рустамбекова Малоҳат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg