БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ТАНДУРУСТӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ИҶТИМОӢ

А.ҶОМӢ. Бо ҷалби аъзои гурӯҳи  вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Бердиев Муҳҳамад барои шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тандурустӣ" вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ   аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ атрофи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  баромад карда, қайд намуданд, ки бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои мухимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2.1 млрд, сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои маълумоти олӣ  ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд. Ба ин хотир  кормандони соҳаи тандурустӣ- ворисони Синоро лозим аст, бо истифода аз шароити хубу замонавии фароҳамовардашуда дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, хизматрасонии тиббӣ ба корафтодагон талош варзанд, то ин ки сазовори боварии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg